Шаҳри Санкт-Петербург ҳоло таксиронии муҳоҷиронро манъ намекунад

Ҳукумати губернатори шаҳри Санкт-Петербург дар Русия имзои фармонеро ба таъхир андохтааст, ки ба муҳоҷирони корӣ иҷоза намедод, бо патент ва ё иҷозаномаи кор ҳамчун ронандаи таксӣ ва ё курйер дар ин шаҳр кор кунанд.

Дар сурати имзо, қарор буд, ин фармон аз рӯзи 1-уми июл ҳукми иҷро мегирифт. Айни ҳол дар шаҳрдории Санкт-Петербург гуфтаанд, ки аз азми худ барои имзои ин фармон даст накашидаанд.

Дар Кумитаи ҳуқуқу тартибот ва амният дар ҳукумати Санкт- Петербург рӯзи 2-уми июл гуфтаанд, ки фармон ҳанӯз дар байни идораҳои давлатӣ баррасӣ ва ҳамоҳанг мешавад.

Сергей Дунаевский, яке аз намояндагони кумита рӯзи 2-уми июл дар як нишасти хабарӣ гуфт: "Масъала ҳоло дар Кумитаи кор ва шуғли аҳолӣ ҳамоҳанг мешавад, назару пешниҳодҳои дигар идораҳои ҳукуматиро ҳам ҷамъ мекунем".

Ӯ нагуфт, ки кай фармони маҳрум кардани муҳоҷирон аз ҳаққи таксиронӣ ва курйерӣ имзо мешавад ва ҳукми иҷро мегирад.

Қаблан ширкатҳои таксӣ ва хадамотрасонӣ мегуфтанд, ки агар чунин қароре қабул шавад, қиматҳо дар Санкт-Петербург ба ҳадди ногуфтанӣ боло меравад.

Ба гуфтаи ширкатҳои хидматрасонии курйерӣ, дар ин ҳол Санкт-Петербург ба шаҳре табдил меёфт, ки курйерҳои он дар Русия назар ба ҳамкоронашон дар дигар шаҳрҳо "пули аз ҳама бештар мегирифтанд" ва ҳаққи кори онҳо ду баробар меафзуд. Қимати таксӣ мумкин буд, аз 10 то 50 дарсад боло равад ва муштариён ҳам муддати дарозе мунтазири таксӣ бимонанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Шаҳри Санкт-Петербург ҳоло таксиронии муҳоҷиронро манъ намекунад

Тарҳи фармони раиси шаҳри Санкт-Петербург, ки бояд то 1-уми июл имзо мешуд, аз ширкатҳои хадамотӣ талаб мекунад, ки суръати ҳаракати курйерҳо дар нақлиёташонро то 15 километр дар соат таъйин кунанд, либоси ягона ба онҳо бидиҳанд ва талаботи дигар.

Дар фармон ҳамчунин маҳаллаҳои муайянеро ҷой додаанд, ки ҳаракати курйерҳо дар онҷо манъ аст. Ба ҷойи фармони зоҳиран мушкилсози раиси шаҳр, ҳоло фармони дигаре ҳукми иҷро гирифтааст, ки иҷоза намедиҳад, ронандагони "самокат" ва дучархаҳои барқӣ ҳақ надоранд, аз 10 километр дар соат болотар ҳаракат кунанд. Қаблан суръати баландтарин барои онҳо 15 километр дар соат буд.

Санкт Петербург, зодгоҳи Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ягона шаҳре нест, ки масъалаи аз ҳаққи таксиронӣ маҳрум кардани муҳоҷирони кориро баррасӣ мекунад.

Челябинск -- яке аз бузургтарин вилоятҳои саноатӣ ва муҳоҷирпазири Русия, аз соли 2019 муҳоҷиронро аз ҳаққи таксиронӣ ва мусофиркаширо маҳрум кардааст.

Мақомоти Русия мегӯянд, қонуншикании зиёд дар байни муҳоҷирон, беэътиноии онҳо ба қоидаҳои ҳаракат, ки сабаби марги мусофирон мешавад, аз сабабҳои аслии маҳрум кардани онҳо аз ҳаққи таксиронӣ аст.

Ба гуфтаи муҳоҷирони корӣ, ки Радиои Озодӣ бо онҳо сӯҳбат кард, ин иддаоҳо беасосанд ва сабаби ин фармону қарорҳо, таъмин кардани мардуми таҳҷоӣ бо кор аст. Қарорҳое, ки ба гуфтаи муҳоҷирон натиҷа намедиҳанд, чун мардуми маҳаллӣ майл надоранд, ба корҳои мушкиле чун ронандагӣ ва курйерӣ машғул шаванд.

Бо вуҷуди тамоми маҳдудиятҳо, Русия бузургтарин мизбони муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад ва бино ба оморҳо, дар он кишвар бештар аз 1 миллион нафар аз муҳоҷирони тоҷик кору иқомат мекунанд.